< СӮХТОР » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

СӮХТОР

СӮХТОР
18.08.2019 тахминан соати 11.50-дақиқа дар болопӯши оғилхонаи ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Комилов Аскар 1942 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/ш Ғарм, кӯч. Рӯдакӣ х.7, дар масоҳати 40-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 15000-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор муайян карда мешавад. 

17.08.2019 тахминан соати 23.45-дақиқа дар бинои чорвонигоҳдории х/д ба номи “Абдулло”, ки ба шаҳрванд Ғоибов Қосим Назарович 1980 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Чӯбек, деҳ. Бузхона, ҷойи кораш раиси х/д мазкур, тааллуқ дорад, дар масоҳати 360-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 15000-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор оташ задан аз тарафи шахси номаълум мебошад. Барои муайян кардани шахси номаълум чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий