СӮХТОР
17.08.2019 тахминан соати 23.11-дақиқа дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Нидоев Раҳмон Гадоевич 1974 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/ш Ҳулбук, кӯч. Амиршоев х.36 дар масоҳати 36-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад. Зарари сӯхтор 7200-сомониро ташкил медиҳад. 17.08.2019 тахминан соати 17.50-дақиқа дар оғилхонаи ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Муниров Ҳамдам Мунавварович 1957 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Яхтан, деҳ. Лолазор дар масоҳати 20-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Сабаби сар задани сӯхтор оташбозии кӯдакон мебошад. Зарари сӯхтор 3150-сомониро ташкил медиҳад.
Комментарии (0)