< ҲОДИСАИ НОХУШ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҲОДИСАИ НОХУШ

ҲОДИСАИ НОХУШ
16.08.2019 тахминан соати 16:00-дақиқа дар ҳудуди мавзеъи Канҷоҷ, ҷ/д Фондарёи н. Айнӣ, шаҳрвандони Ҷ.Халкии Хитой: 1).Чо Хун Ян, 1997 с/т, 2). Гун Бау Куй, 1978 с/т, 3). Гун Ан Куй 1973 с/т, коргарони ширкати “Тибет” мувақатан истиқоматкунандаи н.Айнӣ, ҷ/д Фондарё, хобгоҳи мавзеъи Канҷоҷ, ҳангоми иҷро намудани корҳои  пармагарӣ дар нақби 1-уми мавзеъи Канҷоҷ, ки дар мавзеъи номбурда ширкати “Тибет”-и Ҷ.Х.Хитой ба сохтмони корхонаи коркарди канданиҳои фоиданок машғул аст, ба корҳои бехатарӣ аҳамият надода, зимни дар дохили нақб қарор доштанашон, аз кӯҳ сангпораҳо афтода номбурдагонро пахш намудааст. Дар натиҷа шаҳрванди Ҷ.Х. Хитой, Ҷо Хун Ян, аз ҷароҳати ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, шаҳрвандони дигар Гун Бау Куй ва Гун Ан Куй ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи н.Айнӣ бистарӣ гаштаанд. Оиди ин ҳодиса санҷиш идома дорад. 

17.08.2019 тахминан соати 14.00-дақиқа шаҳрванд Ғуломхоҷаев Алиакбар Ғуломхоҷаевич 1954 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Сучон, деҳ. Боғев ба болои теппа воқеъ дар деҳ. Боғев баромада аз беэҳтиётиаш аз баландии 80-метр ба замин афтида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий