
16.08.2019 тахминан соати 09:30-дақиқа а/м тамғаи «Мерседес-Бенс» (Спринтер) р/д ва ному насаби ронандааш номаълум, ҳангоми ҳаракат бо кӯч.П.Толис аз тарафи кӯч.Ҳ.Шерозӣ ба самти кӯч. Рӯдакӣ дар рӯ ба рӯи хонаи №93/1 кӯч. П.Толис бо а/м тамғаи «Опел-Астра» р/д ва ному насабаш номаълум бархӯрда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа мусофири дохили а/м тамғаи «Мерседес-Бенс» (Спринтер) ноболиғ Тошмуҳаммедов Шоҳрух Фаррухович 2005 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Испечак 2, х.13, хонандаи синфи 8-уми МТМУ №8 ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта баъди як шабонарӯз, санаи 17.08.2019-сол ба беморхонаи ММТ ҶТ барои расонидани ёрии тиббӣ муроҷиат намудааст. Барои муайян ва дастгир намудани ронандагони а/м-ҳои мазкур чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Комментарии (0)