ҚАЛЛОБӢ
17.08.2019 шаҳрванд Алимадов Умар Мунавварович 1973 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. А.Сино х.57 ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки соли 2017 шаҳрванд Одинаев Мустафо Сатторович 1983 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Кулоб, кӯч. Тамошотеппа бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 250.000-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 17.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Назаров Садриддин Мустафоевич 1966 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Н.Қарабоев х.21а дастгир карда шуд. Номбурда, дар давоми соли 2016 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Рустамов Фаррух Ҷурахонович 1981 с/т, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, ҷ/д Пахтакор даромада аз ӯ 40.000-доллари ИМА-ро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Инчунин ӯ моҳи феврали соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Назаров Қобилҷон Нуралишоевич 1987 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Федина х.1, ҳ.2 даромада аз ӯ 10.000-доллари ИМА-ро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Комментарии (0)