ДУЗДИИ ЧОРВО
17.08.2019 шаҳрвандон Холиқов Шарифхон Намозқулович 1989 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/ш Бӯстонқалъа, деҳ. Лермонтов, Сотиболдиев Аҳлиддин 1952 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо ва Юсуфова Фирӯза Туйғунбоевна 1969 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, ба ШВКД ноҳияи Кушониён муроҷиат намуданд, ки шаби 07.08.2019-сол тахминан соати 24.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои х/д, воқеъ дар ҷ/ш Бӯстонқалъа 3-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишашон 19000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Гулов Ҷамшед Ҳакимшоҳович 1986 с/т, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д. Ориён, деҳ. Қизилюлдуз ва Ҳалимов Абдувоҳид Абдуваҳобович 1997 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/ш Бӯстонқалъа, деҳ. Лермонтов, пеш бо моддаи 237 қ.2 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуданд. 17.08.2019 шаҳрванд Ишонқулова Шарифа Холбозоровна 1972 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Чоряккорон, деҳ. Чоряккорон ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 15.08.2019-сол тахминан соати 01.30-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада аз он ҷо 1-адад ноутбук арзишаш 4000-сомонӣ, 2-адад телефонҳои мобилии тамғаи “Самсунг А-8” ва “Самсунг Ҷ-5” арзишашон 4900-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 8900-сомониро ташкил медиҳад. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Комментарии (0)