< ҚАЛЛОБӢ ДАР ҲАҶМИ КАЛОН » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҚАЛЛОБӢ ДАР ҲАҶМИ КАЛОН

ҚАЛЛОБӢ ДАР ҲАҶМИ КАЛОН
15.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Бадалов Олим 1961 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Зайнабобод, деҳ. Шараф х.636, собиқ директори ширкати барҳамхӯрдаи “Истаравшан” дастгир карда шуд. Номбурда, бо роҳи сохтакорӣ ҳуҷҷатҳои бинои амбори бетонбарории ҶСШК “ЗНОи МИ” заводи таҷҳизоти ғайриқаллобӣ ва фузулот”, ки моликияти давлатӣ ба ҳисоб меравад, ғайриқонунӣ бо дағалона вайрон намудани талаботҳои Қонуни ҶТ “Дар бораи хусусигардони моликияти давлат” бо тариқи ройгон ба номи худ гузаронидааст. Баъдан, шаҳрванд Бадалов О. ва ҳамсараш, Алиева Дастагул Ғафуровна 1967 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, қарори қалбакии ҷ/д Зайнабобод аз 21.03.2005 сол таҳти №25-ро ба суд пешниҳод намуда, ба манфиати давлат ва ҳуқуқи моликии шаҳрванд Шерназаров Маҳмадрасул Шарифович 1963 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Сарикиштӣ, деҳ. Нишони Ленин х.373, зарари махсусан калон дар ҳаҷми 100.000-сомонӣ расонидаанд. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда, тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий