
15.08.2019 директори корхонаи ҶДММ “Рӯдакӣ-Иншоот” шаҳрванд Ашурматов Акбарҷон Бобохонович 1971 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Чимтеппа, деҳ. Чимтеппа ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 15.08.2019 сол тахминан соати 14.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба амборхонаи бинои навсохтмон, воқеъ дар ҷ/д Чимтеппа, деҳ.Чимтеппа даромада, аз он ҷо механизмҳои лифт ва 1-адад швейлер, ки арзиши умумиашон 10.300-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар гармо-гармӣ шаҳрванд Хизматов Файзулло Ҷумъаевич 1971 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Зайнабобод, деҳ. Файзоба, дастгир карда шуд.
Комментарии (0)