ДУЗДИИ МАБЛАҒ АЗ ХОНАИ ҲАМСОЯ
15.08.2019 шаҳрванд Шеров Ғайратҷон Сайдалиевич 1988 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Чорбоғ, деҳ. Кули Ҳавоӣ ба ШВКД ноҳияи Варзоб муроҷиат намуд, ки санаи 13.08.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиашон даромада, аз он ҷо 22.500-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар гармо-гармӣ шаҳрванд Сафаров Хушдил Музаффарович 1994 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Чорбоғ, деҳ. Кули Ҳавоӣ, дастгир карда шуд. Далели шайъӣ дар ҳаҷми 19.800-сомонӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад.15.08.2019 шаҳрванд Шоева Тахмина Абдузоировна 1980 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Чимтеппа, деҳ. Обчакорон ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки аз санаи 10 то 15.08.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 900-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
15.08.2019 шаҳрванд Машрабова Гулсифат Манзаровна 1968 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/ш Ҳисор, кӯч. Нуриддин Қаюмов х.4 ба ШВКД шаҳри Ҳисор муроҷиат намуд, ки санаи 13.08.2019 сол тахминан соати 21.00 дақиқа шаҳрванд Убайдуллоев Салим Қурбоналиевич бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо ҷавоҳиротҳои тиллогин, ки арзиши умумиашон 2500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Барои муайян ва дастгир намудани шаҳрванд Убайдуллоев С.Қ. чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Комментарии (0)