
15.08.2019 шаҳрванд Ҳамидов Зайниддин Давлатович 1982 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Шугнов, деҳ. Дараи-Девлох ба ШВКД ноҳияи Ховалинг муроҷиат намуд, ки шаби 14 ба 15.08.2019 сол тахминан соатҳои 00.00 ба 01.00 2-нафар шахсони номаълуми ниқобпӯш бо мақсади роҳзанӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, бо шаҳрванд Ҳамидов З.Д. дарафтода, ӯро зери лату куб қарор дода, дасту пойҳояшро бо банд баста, дар сараш халтаи рангаш сафедро кашида, аз хонаи истиқоматиаш ба масофаи 200-метр дур баровардаанд. Баъдан, бо корди дар дасташон буда, таҳдиди куштан намуда, бо истифодаи зӯроварӣ аз ҷайби шими дар танаш буда, 2500-сомониро тасарруф намуда, то пагоҳии санаи 15.08.2019 сол, боз маблағи калони пулли талаб карда, охиронро раҳо карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Комментарии (0)