< ҚАЛЛОБӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҚАЛЛОБӢ

ҚАЛЛОБӢ
14.08.2019 шаҳрванд Алиева Зебуниссо Ибрагимовна 1963 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. З.Хоҷаев х.13 ба ШВКД ноҳия И.Сомонӣ муроҷиат намуд, ки санаи 20.02.2014-сол шаҳрванд Холова Муҳаббат Саломовна 1958 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Э.Ваҳҳобов х.3 бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 16.000-доллари ИМА-ро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

14.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон: Икромов Сангалӣ Бахтиёрович 1995 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Фирдавсӣ х.27/1, ҳ.9 ва Бобоев Зоиршоҳ Нодиршоевич 1994 с/т, истиқоматкунандаи н.Восеъ, ҷ/д Тугара, деҳ. Хоҷамӯъмин дастгир карда шуданд. Номбурдагон, моҳи феврали соли 2018 дар бозори “Корвон” бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Яқубов Бобоҷон Зоирович 1980 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ш.Турсунзода, ҷ/д Пахтаобод, деҳ. Иттиҳод, корманди ҶДММ “Саркорон ТҶ” даромада аз ӯ ба маблағи 45.000-сомони уребча (памперс) ва собун гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий