ПУЛРО ГИРИФТУ ДИГАР БАРНАГАРДОНД

14.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Назаров Пардаалӣ Раҳмонович 1967 с/т, истиқоматкунандаи ш. Левакант, кӯч. И.Сомонӣ х.17, ҳ.27 дастгир карда шуд. Номбурда, бори аввал санаи 24.02.2014-сол дар асосии шартномаи қарзи бонкӣ таҳти №38/213/14/0000644 аз филиали ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”дар н. Кушониён ба ному насаби ҳамсараш, Маҳмадалиева Ҷумъагул Нигматовна 5500-доллари ИМА, ва такроран санаи 09.01.2015с. дар асоси шартномаи қарзии бонки таҳти №38/215/14/0000045 аз филиали ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар н. Кушониён ба номи шиносаш, Файзов Фарҳодҷон Мирзовалиевич ба маблағи 10.000 доллари ИМА-ро гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Дар натиҷа шаҳрванд Назаров П.Р ба филиали ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар н.Кушониён зарари моддӣ расонидааст. Нисбати шаҳрванд Назаров П.Р. аз тарафи прокуратураи н.Кушониён парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 246 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)