< ДУЗДИИ МАБЛАҒ, ДУЧАРХА, НОҚИЛҲОИ БАРҚ ВА ... » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДУЗДИИ МАБЛАҒ, ДУЧАРХА, НОҚИЛҲОИ БАРҚ ВА ...

ДУЗДИИ МАБЛАҒ, ДУЧАРХА, НОҚИЛҲОИ БАРҚ ВА ...
13.08.2019 шаҳрванд Ашамуродова Зулфия Урақбаевна 1962 с/т, миллаташ ӯзбек,   бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Чоргуллтеппа, деҳ. Навбунёд-5, х.25 ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намуд, ки санаи 13.08.2019-сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада аз он ҷо 1200-сомонӣ ва 6000-рубли Ф.Р.-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

14.08.2019 шаҳрванд Авғонов Сафархон Шамсиддинович 1982 с/т, миллаташ тоҷик, директори ҶДММ “Ҳоҷӣ Қурбон”, истиқоматкунандаи кӯч. Маяковский х.30, ҳ.51 ба ШВКД ноҳияи Сино-1 муроҷиат намуд, ки санаи 12.08.2019-сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба корхонаи ҶДММ “Ҳоҷӣ Қурбон”, воқеъ дар кӯч. Ҷ.Расулов х.11 даромада аз он ҷо 200-метр ноқилҳои барқӣ, ки арзишашон 7000-сомониро ташкил медиҳад дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

14.08.2019 шаҳрванд Самадова Малика Шодмоновна 1979 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Панҷоб, деҳ. Чорбоғ ба ШВКД ноҳияи Ҳамадонӣ муроҷиат намуд, ки шаби 13 ба 14.08.2019-сол тахминан соати 02.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада аз он ҷо 1720-сомониро  дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

14.08.2019 шаҳрванд Ҷобирова Шаҳноза Акрамовна 1994 с/т, миллаташ тоҷик,   бекор, истиқоматкунандаи хиёбони Рӯдакӣ х.85, ҳ.28 ба ШВКД ноҳияи И.Сомонӣ муроҷиат намуд, ки санаи 13.08.2019-сол тахминан соати 04.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз даромадгоҳи хонаи истиқоматиаш 1-адад дучархаи тамғаи “Судайсӣ”, ки арзишаш 1500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

14.08.2019 шаҳрванд Сафаров Маҳкамбек Сангинмуродовна 1987 с/т, миллаташ тоҷик,    бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д К.Ӣсмоил, деҳ. Бӯстон ба ШВКД шаҳри Ваҳдат муроҷиат намуд, ки санаи 13.08.2019-сол тахминан соати 16.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои х/д воқеъ дар деҳ. Бӯстон 2-сар ҲКШ, ки арзиши умумиашон 13.000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий