
14.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Пулодов Ёқуб Сайфуллоевич 1982 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи деҳ.Гулистон, дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 14.08.2018-сол дар ҳолати мастӣ дар деҳ. Чашмасор бо тариқи зӯроварӣ аз ноболиғ Яллоқулов Сардорҷон Саидович 2008 с/т, истиқоматкунандаи деҳ.Чашмасор, миллаташ ӯзбек, хонандаи синфи 5-уми МТМУ №6 1-адад хари боркашро, ки арзишаш 1000-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Нисбати шаҳрванд Пулотов Ё.С парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248 қ.3 КҶ ҶТ оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)