
14.08.2019 шаҳрванд Маҳмадуллоева Садбарг Раҳматовна 1979 с/т истиқоматкунандаи кӯч. Подстансия х.40 ба ШВКД ноҳияи Сино-2 муроҷиат намуд, ки санаи 14.08.2019-сол тахминан соати 14:00-дақиқа дар кӯч. Б.Ғафуров назди бинои 46/2 писараш, Маҳмадуллоев Ҳамадон Фазлиддинович 2000 с/т истиқоматкунандаи ҳамон ҷоро шахси номаълум бо олоти халандаи буранда ба шикамаш 1-маротиба зада аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Маҳмадуллоев Ҳ.Ф. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи ММТ ҶТ «Шифобахш» бистарӣ гардидааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Бобокалонов Салмон Ҳомидович 2000 с/т истиқоматкунандаи кӯч. Б.Ғафуров х.46/2, ҳ.54 дастгир карда шуд.
Комментарии (0)