
14.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Юсуфов Амонулло Шарифович 1996 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Дӯконӣ, деҳ. Даҳана, х.35, миллаташ тоҷик, санаи 20.09.2014-сол ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба ФР рафта дар вақти дар он ҷо қарор доштанаш, дар шабакаи интернетии “Одноклассник”-и худро бо номи “Амонулло Юсуфов” ба қайд гирифтааст. Номбурда, аз соли 2016 то инҷониб дар сомонаи иҷтимоии интернетии “Однокласники” 344-адад расмҳо ва наворҳои видеоии хусусияти диние, ки онҳо бартарии шаҳрвандонро аз рӯи муносибаташон ба дин тарғиб менамоянд ҷой намудааст. Мувофиқи ташхиси давлатии диншиносии Муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ” дар маводҳои аз сомонаи шаҳрванд Юсуфов А.Ш. ёфта гирифта шуда ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, динӣ ва паст задани шаъну эътибори миллӣ равона шудаанд мавҷуд аст. Нисбати шаҳрванд Юсуфов А.Ш. аз тарафи ШТ РКДАМ ҶТ дар в. Хатлон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 189 қ-1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)