< Дар Тоҷикистон беморони сироятӣ барои саркашӣ аз табобат муҷозот мешаванд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Тоҷикистон беморони сироятӣ барои саркашӣ аз табобат муҷозот мешаванд

Дар Тоҷикистон беморони сироятӣ барои саркашӣ аз табобат муҷозот мешаванд
Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд бемороне, ки мубталои бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сил ва вируси норасоии масунияти бадан ҳастанд, ва аз табобат гирифтан саркашӣ мекунанд,муҷозот хоҳад кард

Бар асоси тағйиру иловаҳо ба банди 119- и  Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз авоили моҳи август ҷазо нисбати беморони мубталои касалиҳои сироятӣ, ки хоҳиши аз муоинаи тиббӣ ва гирифтани табобат сарпечӣ мекунанд ҷазои сангинтар пешбинӣ мешавад.

Бар хабари манбаъ, беморони мубталои сил ва вируси норасоии масунияти бадан, дар сурати ба хоҳиши худ ба табобат фаро гирифта нашудан аз 1100 то 1650 сомонӣ ҷаримабандӣ мешаванд.

Дар банди 119 - уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ омадааст, ки ба беморон, барои саркашӣ кардан аз муоинаи ҳатмии тиббӣ ва муолиҷаи профилактикии вируси норасоии масунияти одам ва дигар бемориҳои сирояткунанда сарфи назар аз огоҳии мақомоти тиббӣ, ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Бино бар омори охирин дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор гифритори ВМНО ва ҳудуди 10 ҳазор мубталои бемории сил сабт шудаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий