< “КУЗАПУШТРО ГУР ИСЛОҲ МЕКУНАД...” » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“КУЗАПУШТРО ГУР ИСЛОҲ МЕКУНАД...”

“КУЗАПУШТРО ГУР ИСЛОҲ МЕКУНАД...”

12.08.2019 сол ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативи ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Шодиев Азим  Қозумуртович 1989 с/т, миллаташ ӯзбек,  бекор, истиқоматкунандаи ш-кӣ Меҳробод, кӯч. Кенҷаев х.19,   соли 2017 бо моддаи  244 қ. 2 КҶ ҶТ суд шудааст, ки айни ҳол  дар муассисаи   ЯС-3/11 СРИҶҶ ВА ҶТ адои ҷазо намуда истодааст,  вақти   барои хабаргари волидайнаш аз ҷониби  роҳбарияти муассисаи мазкур  ба хонаи истиқоматиаш  ҷавоб   дода шудааст, санаи 03.08.2019 сол тахминан соати  23:30 дақиқа бо хамроҳии рафиқаш  Шарифов   Шерзод  Махмудович 1988 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи   ҷ/д  Ғулакандоз,  кӯч. М. Латифов х.14, соли 2014 бо моддаи  177  ва   244  КҶ ҶТ  суд шудааст, бо роҳи  пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Ӯрунбоева  Омина   Улмасовна 1956 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи  ш-кӣ   Меҳробод, кӯч.  И. Нурматов,  х. 65, ҳ.4, даромада, аз он ҷо ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогин, ки арзиши умумиашон 13.320-сомониро ташкил медиҳад, дуздида  аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Далели шайъӣ гирифта шуд. Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноятии бо моддаи  244 қ.3 КҶ ҶТ оғоз карда шуда,  тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий