< ҲОДИСАҲОИ НОХУШ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҲОДИСАҲОИ НОХУШ

ҲОДИСАҲОИ НОХУШ
11.08.2019 тахминан соати 14.00-дақиқа хурдсол, Вазиров Хисравшо Саломатшоевич 2016 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д. Ҳоит, деҳ. Миртоб, ба соҳили дарёи Сурхоб фаромада, ҳангоми аз дарё об нӯшиданаш пояш лағжида ба дарё афтида ғарқ шудааст.
 
11.08.2019 тахминан соати 11:55-дақиқа дар коҳдонхонаи ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Садриддинов Фазлиддин Баҳриддинович 1973 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д. Кулчақанд, кӯчаи Б.Яҳёев х.69 дар масоҳати 50-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Сабаби сар задани сӯхтор беназорат гузоштани хокистари хомушнашуда мебошад. 

11.08.2019 тахминан соати 10.05-дақиқа дар ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Шафиев Маҳмуд Маҳмадҷонович 1980 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҷ/д Оббурдон, кӯчаи М.Аъзам х.б/р дар масоҳати 40-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад. Зарари сӯхтор 7000-сомониро ташкил медиҳад.

10.08.2019 тахминан соати 16:00-дақиқа дар коҳдонхонаи ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Робиев Кенҷабой Абдуғаниевич 1979 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д. Истиқлол, деҳ. Саидқалъа, кӯчаи Мамараҳимов х.10 сӯхтор ба амал омада, ҳангоми баланд гардидани аланга оташ ба коҳдонхонаи ҳавлии истиқоматии бародараш, шаҳрванд Робиев Қаҳрамон Абдуғаниевич 1976 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д. Истиқлол, деҳ. Саидқалъа, кӯчаи Исмоилов х.б/р паҳн гардидааст. Масоҳати умумии сӯхтор 80-метри мураббаъро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад. Зарари сӯхтор 25.000-сомониро ташкил медиҳад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий