< БАРАНГЕХТАНИ КИНАЮ АДОВАТ ВА ТАМАЪҶӮӢ БО ИСТИФОДА АЗ СОМОНАИ ИҶТИМОӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

БАРАНГЕХТАНИ КИНАЮ АДОВАТ ВА ТАМАЪҶӮӢ БО ИСТИФОДА АЗ СОМОНАИ ИҶТИМОӢ

БАРАНГЕХТАНИ КИНАЮ АДОВАТ ВА ТАМАЪҶӮӢ  БО ИСТИФОДА АЗ СОМОНАИ ИҶТИМОӢ
10.08.2019 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, шаҳрванд Абдураҳимов Норқул Норинбекович 1986 с/т, истиқоматкунандаи ш.Истиқлол маҳаллаи 1-ум, х. 11, ҳ.29, миллаташ ӯзбек дастгир карда шуд. Номбурда, дар давоми соли 2016 дар сомонаи интернетии «Одноклассники» суроғаҳои худро бо номҳои «Исломбек Абдурахимов», ки дар он 17-дӯстон, 70-расм, 60-гурӯҳҳо ва 27-навиштаҷотҳо ва дар суроғаи дигари худ, «Ислам Абдурахимов», ки дар он 2-дӯстон, 7-расм, 4-гурӯҳҳо ва 32-навиштаҷотҳо мавҷуд буда, аз он 77-расмҳо хусусияти динӣ дошта ва дар сутуни навиштаҷотҳо дар ҳар дуи саҳифаҳои интернетиаш 59-мавзуъҳоро ҷой додааст. Мувофиқи хулосаи мутахассиси Филиали суғдии маркази ҷумҳуриявӣ ва экспертизаи судӣ ва криминалистӣ расмҳо ва навиштаҷотҳои мазкур, ба таври ошкоро ё пушидаю пинҳонӣ даъватҳо вобаста ба ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адовати динию мазҳабӣ ва паст задани шаъну шарафи инсон равона шудаанд. Инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин мебошад. Нисбати шаҳрванд Абдураҳимов Н.Н. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 189 қ.1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

11.08.2019 шаҳрванд Миров Бунёд Хайруллоевич 1997 с/т, истиқоматкунандаи н.Зафаробод, ш-ки Зафаробод, кӯчаи Ҷавонон х.18/1, миллаташ тоҷик, пеш бо моддаи 247 қ.2 КҶ ҶТ суд шудааст дастгир карда шуд. Номбурда, 18.07.2019 сол дар ҳудуди ш.Хуҷанд бо шаҳрванд Алӣ Азимҷон 1992 с/т, истиқоматкунандаи кӯчаи Саховат х.181, шиносоӣ пайдо намуда, санаи 20.07.2019 сол дар хонаи истиқоматии дигараш, воқеъ дар суроғаи маҳаллаи 18-ум, х.5, х.118, бо охирон вохӯрда бо мақсади ҷамъоварӣ намудани маълумотҳои бадномкунанда, аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳангоми дар ҳолати мастӣ хоб будани шаҳрванд А.Азимҷон либосҳои ӯро кашида урён намуда, ба телефони мобилиаш сабт намудааст. Сипас, шаҳрванд Миров Б.Х. бо мақсади бо роҳи тамаъҷӯӣ аз шаҳрванд А.Азимҷон 3000-сомонӣ талаб намуда, баҳри бовар кунонидани таҳдидҳояш, аксҳои мазкурро дар сомонаи интернетии «Одноклассники» паҳн кардааст. Нисбати шаҳрванд Миров Б.Х. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 250 қ.1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий