
11.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, шаҳрванд Зарифов Сунатулло Саидхонович 1996 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯчаи Маяковский х.40/1ҳ.48 дастгир карда шуд. Номбурда санаи 10.08.2019-сол тахминан соати 23.30-дақиқа ҳангоми дар назди бинои 36/3 кӯчаи С.Шерозӣ қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ шаҳрванд Нураҳмедов Фирдавс Зафарович 1998 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯчаи Маяковский х.25/2, ҳ.11-ро зери лату кӯб қарор, дода бо корди дар дасташ буда 2-маротиба ба рони пояш задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Нураҳмедов М.З. ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ММТ ҶТ бистарӣ гардидааст.
Комментарии (0)