< ҶИНОЯТКОРОНИ ДАР ҶУСТУҶӮБУДА ДАСТГИР ШУДАНД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҶИНОЯТКОРОНИ ДАР ҶУСТУҶӮБУДА ДАСТГИР ШУДАНД

ҶИНОЯТКОРОНИ ДАР ҶУСТУҶӮБУДА ДАСТГИР ШУДАНД
10.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар доираи амалиёти “Ҷустуҷӯ-2019” ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Нуров Назриддин Талабович 1978 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Дарвоз, ҷ/д Нулванд, деҳ. Ушхарв, ки ҷинояти азонихудкунӣ ё исрофкори, тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда ва сохтакории хизматиро содир намуда, аз тарафи ШВКД дар н.Мастчоҳ бо моддаҳои 245 қ.4, 323 ва 246 қ.2 КҶ ҶТ айбдор дониста мешуд, дар ҳудуди фурудгоҳи ш.Душанбе дастгир карда шуд. 

10.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар доираи амалиёти “Ҷустуҷӯ-2019” ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Ёров Ҳамзаали Қурбонович 1976 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Дуконӣ, деҳ. Навде, х.106, ки ҷинояти роҳзаниро содир намуда, аз тарафи ШВКД дар ш.Норак бо моддаи 249 қ.2 КҶ ҶТ айбдор дониста мешуд, дар ҳудуди ш.Душанбе дастгир карда шуд. 

10.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар доираи амалиёти “Ҷустуҷӯ-2019” ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта, шаҳрванд Ҷураев Салоҳиддин Меҳроҷович 1986 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Н.Хусрав, деҳ. Арабхона, ки ҷинояти терроризм ва ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони ҷт дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳоро содир намуда, аз тарафи прократураи Генералии ҶТ бо моддаи 179 иловаи 2 қ.2 ва 401 иловаи 1 КҶ ҶТ айбдор дониста мешуд, дар ҳудуди ш.Хуҷанд дастгир карда шуд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий