ДУЗДИИ 8620 ДОЛЛАР ВА ҶАВОҲИРОТ
10.08.2019 шаҳрванд Наҷмиева Лола Рашидовна 1980 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч. К.Ёров х.37 ба ШВКД ш.Ваҳдат муроҷиат намуд, ки санаи 09.08.2019 сол тахминан соати 12:30-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 8620-доллари ИМА ва ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истодаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 10.08.2019 шаҳрванд Мирзоева Сунбулой Раҷабовна 1968 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д М.Турсунзода, деҳ. Истиқлол-3 х.350 ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки моҳи июли соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад чангкашак ва либосҳои занона, ки арзиши умумиашон 3480-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
10.08.2019 шаҳрванд Ятимова Муродгул Убайдуллоевна 1980 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Чимтеппа, деҳ. Ҳосилот ба ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ-1 муроҷиат намуд, ки санаи 09.08.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 500-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Комментарии (0)