< АСПДУЗД БА ДАСТ АФТОД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

АСПДУЗД БА ДАСТ АФТОД

АСПДУЗД БА ДАСТ АФТОД
10.08.2019 шаҳрванд Даминов Ҷамолиддин Холмирзоевич 1987 с\т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи н.Фархор, ҷ\д Ватан, деҳаи Шухдарё ба ШВКД ноҳияи Восеъ муроҷиат намуд, ки санаи 30.07.2019 сол тахминан соатҳои 04:00 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди заминҳои чарогоҳи деҳаашон 1-сар асп, ки арзишаш 9000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Пеш бо ариза муроҷиат накардааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ шаҳрванд Талабшои Давлатшо 1996 с\т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи н.Мӯъминобод, ҷ\д Деҳибаланд, деҳ. Қурғак дастгир карда шуд. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда, санҷиш идома дорад.

10.08.2019 шаҳрванд Умаров Алишер Ҳайдарқулович 1980 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч. С. Шерозӣ х.3 ба ШВКД ш.Панҷакент муроҷиат намуд, ки санаи 10.08.2019 сол тахминан соати 10.00 дақиқа шахсони номаълум бо роҳӣ пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 40 000 рубли ФР ва 1-адад дучарха, ки арзишаш 500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

10.08.2019 шаҳрванд Буттаева Саодат Боқидҷоновна 1961 с/т, миллаташ тоҷик, ҷои кор ҳамшираи беморхонаи марказии н.Кӯшониён, истиқоматкунандаи ҷ/ш И.Сомонӣ, кӯч. А.Сино х.85, ба ШВКД ноҳияи Кушониён муроҷиат намуд, ки шаби 08 ба 09.08.2019 сол тахминан соати 23.00 дақиқа шахсони номаълум бо роҳӣ пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад асбоби дарахтбури (Бензапила), 1-адад табар ва 1-адад ниқоб барои кафшери оҳан (сварка), ки арзиши умумиашон 1500-сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий