
10.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ҳайдаров Зебдулло 1968 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Қаҳҳоров х.151, ҳ.7 дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 24.07.2019 сол тахминан соати 15:00 дақиқа дар хонаи истиқоматиаш аз ҳиссиёти рашк бо ҳамсараш, Маҳмадалиева Аноргул Холназаровна 1978 с/т, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо муноқиша намуда, бо корди ошхонагӣ бо мақсади тарс додан ба тарафи чапи қафаси синаи ҳамсараш, Маҳмадалиева А.Х. задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Маҳмадалиева А.Х., мувофиқи маълумотномаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардоштааст.
Комментарии (0)