< Қотили аввалин Прокурори кишвар кист? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Қотили аввалин Прокурори кишвар кист?

Қотили аввалин Прокурори кишвар кист?
24-август ба марги мармузи аввалин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳубайдуллоев 17 сол пур мешавад.  Ин ҳомӣ ва олами илми ҳуқуқшиносиро муғризону зархаридони хоҷагони беруна бо истифода аз силоҳи оташфишон ваҳшиёна  куштанд. 

Ҳубайдуллоев, ки зодаи деҳаи Понғози ҷамоати Понғози  ноҳияи Ашт аст, роҳ пеш гирифтем сӯи зодгоҳи ин родмарди ватан, то бо наздиконаш сӯҳбате ороем. 

Қобилов: Ҳубайдуллоев аз соати 7-саҳар то 9 шаб дар ҷои кор буд

Яке аз шогирдону ҳамдиёрони Нурулло Ҳубайдуллоев, номзади илмҳои кимиё, дотсенти донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Нарзулло Қобилов оид ба шахсияти мавсуф гуфт: - Нурулло Ҳубайдуллоев соли 1940  дар деҳаи  Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Соли 1957 баъди хатми мактаби миёна ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудааст.  Баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси ёрдамчии додситони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор оғоз кардааст. Аз соли 1966 то соли 1970 узви додгоҳи  Олии ҶТ ва аз соли 1970 то 1974 раиси халқии ноҳияи марказии шаҳри Душанбе ва баъдан мудири шӯъбаи   маъмурию ҳуқуқи мудирияти  шӯрои вазирони ҶШСТ шуда кор кардааст. 

Нурулло Ҳубайдуллоев соли 1990  ҳамчун депутати халқии ҶТ аз тарафи аъзои Шӯрои Олӣ ба вазифаи раиси  Кумитаи Шӯрои олии ҶТ оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ, ҳуқуқ ва муҳофизати шаҳрвандон интихоб шудааст. Ӯ аз июни соли 1991 то лаҳзаи охирини ҳаёташ вазифаи додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикисонро ба ӯҳда дошт.

Ҳубайдуллоев марде, ки дода ва  кору зода кор буд.  Аз соати 7-и пагоҳӣ  то саоти 9-и шаб дар ҷои корӣ буд ва софдилонаю содиқона вазифаи хизматияшро ба ҷо меовард.

Тамоми кушиши худро танҳо барои оромию суботи кишвар, тарбияи насли ҳуқуқшинос ва таъмини шаффофияти додситонӣ сарф   мекард. Хуб дар ёд дорам, ки дар замони Прокурори генералӣ будани Ҳубайдуллоев мардуми ноҳияи Ашт на танҳо ифтихор аз чунин фарзанди фарзонаи диёр мекарданд, балки дидор ва даст дода вохӯрӣ карданашро орзу доштанд. 

Номбурда ҳар гоҳ ба ноҳияи Ашт ояд,  вақти аз   ҳавопаймо фароянд мардум навбат меистод то аз наздик бубинанд ва орзуи бо Прокурори генералӣ рӯ ба рӯ  шуданашонро амалӣ созанд. Вале афсӯс, марги маҷбурии ӯ орзуи ҳаводронаш ва ҳамдиёронашро, ки калонсолон чун фарзанд, дигарон чун пайванд дӯст дошта, эҳтиром мекарданд ба дасти хоки сарду хунолуди соли 1992 супурд.

Суҳби хунин, гиряи мардону хандаи номардон
Дар идомаи нақл Қобилов бо  чашмони ашколуд барои марги мармузи фарзанди ифтихории диёраш гуфт: 
-Солҳои 1991-1992, ки айни   даргириҳои таҳмилии Тоҷикистон буд, қатлу таъқиби маҳз мардуми бегуноҳ, тарафдорони сохти конститутсионӣ, арбобони давлативу ҷамъиятӣ зиёд буд. Аввалин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев,  ки дар он замон намояндаи мардумии ҷумҳурӣ, рамзи  ҳақиқату адолат буд, дар сафи садҳову ҳазорон родмардони ватан аз ҷониби қотилони зархариду ноҷавонмардони ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ваҳшиёна ба қатл расонда шуд.  

Субҳи  24 августи соли 1992  се таззод дар як макон ва нисбати як фарзанди барӯманди диёри мо рӯ ба рӯ омад. Яъне суҳби хунин, гиряи мардону хандаи номардон, хандаи ҳамон номардоне, ки бар ивази як пули пучак, бар ивази як ишораи иғвосози хоҷагони дохилию берунияшон  як сутуни бузурги ҳуқуқшиносро барканданд, шаш фарзанди ӯро ятим карданд.  Мусаллаҳони ноҷавонмард 24 августи соли 1992  тақрибан соати 7:40 баъди он ки Ҳубайдуллоев ҳамсараш Раънохон Ҳубайдуллоеваро, ки дар техникум кор мекард бурда мемонад ва худаш ҳамроҳ бо ронандааш роҳ сӯи  кор пеш мегирад,  ба қатл мерасонанд. 

Дар роҳ, ки   силоҳбадастони хунташнаи наҳзатиҳо  Прокурорро   нишон гирифта истода буданд. Онҳо   мехостанд аз хуни дар ҷуши кору ҳимояи ватан будаи ӯ нушанду хунташнагиягонро шикананд. 

 Баъди ҳамсарашро ба кор монда сӯи бинои мақомоти Прокуратура роҳсипор шудан ӯ ва ронандаашро аз мошин берун меоранд. Маҷбур месозанд, ки марде,   ки пеши ҳар касу нокас сар хам намекард, дурӯягию маддоҳиро намедонист ба зону нишинад. Вақте Ҳубайдуллоев ин амалҳоро иҷро намекунад, яъне ба зону намезанад, ба зонуҳояш чанд тир мезаданд. Аммо хунхоҳони зархариди хоҷагони ТТЭ ҲНИ   баъди ба замин афтидан ҳам ӯро тирборон намуданд.  Як тиру ду тир не, балки бо зарби  беш аз 20 тир Ҳубайдуллоевро зада куштаанд. 

Қотилони хасакӣ қатл шуданд, аммо қотилони аслӣ чи?
Қотилони ваҳшии  собиқ Прокурори генералӣ баъди чанд муддат дастгир шуданд, ки инҳо Раҳим Нуруллобеков ва Давлатбек Маҳмудов буданд. Санаи 26 ноябри соли 1993 ҳар ду сазовори ҳукми қатл дониста шуданд.  Масъулину коршиносон бар онанд, ки дар қатли аввали Прокурори генералӣ танҳо ду нафари номбурда не, балки хоҷагони сершумори онҳо низ даст доштаанд. Онҳо мегӯянд: “Қотилони аслӣ, роҳнамо, маблағгузору сарпарастон аз назарҳо дур ва зери парда монданд. Чандин сол дар бораи сабабу омилҳои куштори Нурулло Ҳувайдуллоев дар воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ андешаҳои гуногун пайдо шуданд. Гуфта мешуд, ки яке аз собиқ қумондонҳои саҳроии сатҳи миёнаи Иттиҳоди неруҳои мухолифони тоҷик Абдулвосит Латипов, маъруф ба «Қорӣ Восит» дар ин куштор даст дорад. Гурӯҳи «Қорӣ Восит» зери «чатр» - и ТТЭ ҲНИ дар содир кардани 25 амали террористӣ, ки боиси марги 40 нафар гардид, гумонбар дониста мешуд ва яке аз он қатли Прокурори генералии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев ба шумор мерафт. ТТЭ ҲНИ инсонеро, ки то лаҳзаҳои вопасини ҳаёташ баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон муборизаву талош меварзид ва ҷонибдори пойдор намудани давлати ҳуқуқбунёд буд, ба қатл расонд.  Чунки ин ташкилот зидди давлати дунявию ҳуқуқбунёд буд ва дар шароити дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ зистан намехост”.

                    Мактаб ба номи Ҳубайдуллоев
24 август, ки қатли собиқ Прокурори генералии кишвар Нурулло Ҳубайдуллоев аз ҷониби зархаридони ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ (ҲНИ) содир шуд. Пас аз 4 рӯзи маргаш яке аз мактабҳои номии  деҳаро ба номи ин марди бузургу ватандор номгузорӣ карданд. Инчунин дар саҳни ҷамоати деҳоти Понғоз нимпайкараи Нурулло Ҳубайдуллоев қомат афрохтааст. 

Сӯҳроб Қурбонов, директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 11-и деҳаи Понғози ҷамоати Понғоз ба номи  Нурулло Ҳубайдуллоев дар сӯҳбат ба мо гуфт:-Нурулло Ҳувайдуллоев, марде буд, ки тамоми хислату сифати хубу ҳамидаи инсониро дар худ дошт. Хирадмандию ҷавонмардияш баъди маргаш низ ӯро зинда дошта истодааст ва то абад ҷовидона хоҳад дошт. Зеро дар рӯзҳои вазнинтарину ҳассостарин, ки тақдири халқи тоҷик дар ҳалшавӣ буд,  вазифаи басо пурхатар ва пурмасъулиятба ба замма гирифт. 

Ҳубайдуллоев аз аввали ба фаъолият пардохтан, то рӯзҳои вопасини ҳаёташ барои сулҳу субот ва ҳаёти орому осоиштаи мардум мусоидат  кардааст. Ҷони худро рӯи каф гирифта дар байни галаи  пайравони ТТЭ ҲНИ ба кор мерафт ва бидуни ҳимоятгар (ахрана) аз кор бармегашт.  Наҳзатиҳо, ки  намехостанд, ки чунин афрод пеши роҳи аъмоли ғайриқонунии онҳоро бигиранд, ҳамеша   аз  пайи нобуд кардани Ҳубайдуллоев  ва ҳампешагони ӯ буданд. 

Таърих гувоҳ аст ва ҳама медонем, ки қатли Нурулло Ҳубайдуллоев  як қатли хунхоронаву золимона ва фармоишӣ буд. Қотилони кирояи наҳзатӣ қалби шахсиятеро, ки чун оина софу беолоиш буд  ва то лаҳзаҳои вопасини ҳаёташ барои  ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон талош варзида буд, шикастанд.
Фарзона Муродӣ 
Хуҷанд-Ашт (Понғоз)-Хуҷанд

Комментарии (0)

Оставить комментарий