< ҲОДИСАИ НОХУШ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҲОДИСАИ НОХУШ

ҲОДИСАИ НОХУШ
08.08.2019 тахминан соати 09:30 дақиқа шаҳрванд Исмоилова Муҳаббат Шарифовна 1979 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи истиқоматкунандаи ҷ/д.Пахтаобод, деҳ. Устокорон, дорои бемории рӯҳи буда, аз беэҳтиётиаш ба соҳили дарёи Кофарниҳон афтида, ба ҳалокат расидааст. 

07.08.2019 тахминан соати 17.30-дақиқа дар болопӯши оғилхонаи ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Давлатова Забиҳамоҳ Ёрмаҳмадовна 1965 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Сафедчашма, деҳ. Шербегиён, дар масоҳати 42-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 9865-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад. 
08.08.2019 сол тахминан соати 16-40 дақиқа дар бопӯши хонаи истиқоматии шаҳрвандҲакимов Наҷмиддин Рафиевич 1980 с\т, миллаташ тоҷик, ҷойи кораш корманди фурудгоҳи байналмилалии ш. Душанбе, истиқоматкунандаи кӯч.Ҷ.Алӣ х.254,дар масоҳати 18-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 6800-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад. 

08.08.2019 сол тахминан соати 11-30 дақиқа дар коҳдонхонаи ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Юсуфов Маҳмадюсуф Додалиевич 1977 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Деҳқонобод, деҳ. Содиқи, дар масоҳати 30-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 4200-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий