
07.08.2019 тахминан соати 00.30-дақиқа ронандаи а\м тамғаи “Ваз 21074”, р/д 29-47 ДД/07 шаҳрванд Шарифзода Раҷабмурод Убайд 1996 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д А.Абдулвосиев, деҳ. Эловари боло, ҳангоми ҳаракат кардан дар ҷ/д А.Абдулвосиев, деҳ. Кулли-ҷуракӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Будалов Муҳаммад Холмаҳмадович 1990 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д А.Абдулвосиев, деҳ. Суфиёнро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буд, санаи 08.08.2019 сол тахминан соати 16.00 дақиқа аз ҳудуди ш.Ваҳдат дастгир карда шуд. Дар натиҷа шаҳрванд Будалов М.Х. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ноҳия бистарӣ гардидааст.
Комментарии (0)