< ҚАЛЛОБӢ ДАР РОҲИ ҲАҶ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҚАЛЛОБӢ ДАР РОҲИ ҲАҶ

ҚАЛЛОБӢ ДАР РОҲИ ҲАҶ
08.08.2019 шаҳрванд Ҳомидов Сайфулло Бақоевич 1968 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Гули Сурх, деҳ. Равшангарон ба ШВКД ноҳияи Шоҳмансур-2 муроҷиат намуд, ки санаи 10.06.2019 сол дар кӯч. Лоҳутӣ шаҳрванд Давлатзода Шуҳрат Шерафган 1987 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи с/т, истиқоматкунандаи кӯч.Ҷомӣ х.16, сардори Раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илми ҶТ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 86000-сомониро гирифта, ваъда додааст, ки ӯ ва ҳамсараш, Ҳомидова Муаззама Наимҷоновна 1965 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҳамон ҷойро ба зиёрати ҳаҷ равон мекунад, аммо маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
 
Дар баробари ин, Ҳомидов С.Б. моҳи июни соли 2019 дар кӯч. Лоҳутӣ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Нуъмонов Аъзамҷон Назирҷонович 1975 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Гули Сурх, деҳ. Курушкаш даромада, аз ӯ 129000-сомониро гирифта, ваъда додааст, ки падараш, Нуъмонов Назирҷон ва модараш, Нуъмонова Роҳат Абдуҳамидовна, истиқоматкунандаи ҳамон ҷойро ба зиёрати ҳаҷ равон мекунад, аммо маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 

Инчунин, ӯ санаи 10.06.2019 сол дар кӯч. Лоҳутӣ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Эшонов Насрулло Маҳкамович 1956 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Гули Сурх, деҳ. Оббодӣ даромада, аз ӯ 43000-сомониро гирифта, ваъда додааст, ки ӯро ба зиёрати ҳаҷ равон мекунад, аммо маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 

Иловатан муайян гардид, ки ӯ санаи 10.06.2019 сол дар кӯч. Лоҳутӣ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Воҳидов Абдулаҳад Абдуворисович 1974 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Гули Сурх, деҳ. Равғангарон даромада, аз ӯ 86000-сомониро гирифта, ваъда додааст, ки ӯро бо ҳамроҳии ҳамсараш, Воҳидова Шамсия Раҳимбердиевна, истиқоматкунандаи ҳамон ҷойро ба зиёрати ҳаҷ равон мекунад, аммо маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 

Ба ҳамин монанд шаҳрванд Ҳомидов С.Б. санаи 11.06.2019 сол дар кӯч. Лоҳутӣ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Урунов Парвиз Сайфуллоевич 1983 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Гули Сурх, кӯч. Мирзо Бобоҷон х.42 даромада, аз ӯ 43000-сомониро гирифта, ваъда додааст, ки ӯро ба зиёрати ҳаҷ равон мекунад, аммо маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий