< ҒОРАТГАРӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҒОРАТГАРӢ

ҒОРАТГАРӢ
08.08.2019 шаҳрванди ФР, Кирилова Александра Николаевна 1995 с/т, миллаташ рус, истиқоматкунандаи кӯч. Борбад х.92/7, ҳ.12 ба ШВКД ноҳияи Сино-1 муроҷиат намуд, ки санаи 07.08.2019 сол тахминан соати 08.15-дақиқа дар кӯч. Гипрозем шахсони номаълум бо роҳи ошкоро аз гарданаш гарданбанди тиллогин, ки арзишаш 17000-рубли руссиро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

08.08.2019 сол шаҳрванд Эмомалиев Азамат Хӯҷамқулович 1994 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д, Чоргул, деҳ. Шурча ба ШВКД ноҳияи Ёвон муроҷиат намуд, ки санаи 05.08.2019 сол тахминан соати 17:00 дақиқа шахсони номаълум аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бенс” р/д 01.11 ТД/01 бо тариқи ошкоро 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-7”, ки арзишаш 3500-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативии ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ҷалилов Исломиддин Муҳаммадҷонович 1993 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Норин, деҳ. Зафар, дастгир карда шуд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий