< АЗ КАРДА ПУШАЙМОН... » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

АЗ КАРДА ПУШАЙМОН...

АЗ КАРДА ПУШАЙМОН...
08.08.2019 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ, шаҳрванд Ғаниев Ҳасан Маҳмудович 1980 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Гагарин х.87/7, санаи 05.08.2019-сол ба ШММЗҶМ РМЗҶМ ВКД ҶТ дар вил.Суғд муроҷиат намудааст. Номбурда, дар давоми соли 2009 то соли 2017 бо даъвати аъзои фаъоли ташкилоти эктремистии “Салафия”шаҳрванд Ҳайдаров Атҳам Анварович 1978 с/т, бо (тахаллуси Қори Атҳам), миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. М.Турсунзода х.177, пеш бо моддаи 187 қ.2 КҶ ҶТ суд шудааст, ба равияи мазкур, ки мақсадашон бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ ва дар доираи он бунёд намудани давлати “Хилофат” мебошад шомил гашта, то ин ҷониб фаъолият намудааст. Нисбати шаҳрванд Ғаниев Ҳ.М. бо дастрасии талаботҳои моддаи 28 ва 29 КМҶ ҶТ ва моддаи 72 қ.2 КҶ ҶТ оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий