Ҳалокати навраси 16-сола ҳангоми гирифтани селфӣ дар Душанбе

Дар Душанбе як навраси 16 - сола аснои гирифтани селфӣ аз ошёнаи 14 - уми бинои баландошёна сарозер шуда ба ҳалокат расидаст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе навраси 16 - сола ҳангоми гирифтани селфӣ аз бинои баландошёна ба замин сарозер шуда, ба ҳалокат расидааст.
Бар хабари манбаъ, Абубакр бо ҳамроҳонаш бо мақсади суратгирӣ ба ошёнаи 14-уми яке аз биноҳои навсохт дар маҳаллаи Испечак баромадааст.
Ҷавонон бо шӯхию бозӣ дар ин бинои баландошёна селфӣ мекунанд, аммо ҳангоми суратгирӣ сари Абубакр чарх зада, ба чуқурие, ки барои ҷойгир кардани лифт канда шуда буд, сарозер шудаст,- гуфта мешавад дар хабари манбаъ.
Гуфта мешавад, дар натиҷа устухонҳои навраси 16-сола аз чанд ҷой шикаста, номбурда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки Абубакри наврас барои харид намудани сару либос ва лавозимоти мактабӣ, дар давраи таътили тобистон дар ин сохтмон кор мекардаст.
Комментарии (0)