ҚАЛЛОБӢ ДАР АВҶ

07.08.2019 шаҳрванд Лохутшо Ҳилол 1978 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч. Ҳ.Шерозӣ х.16 ҳ.13 ба ШВКД ноҳияи И.Сомонӣ муроҷиат намуд, ки моҳи марти соли 2018 шаҳрванд Ҳусейнов Раҳмон Мирзоаминович 1961 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. А.Навоӣ х.13/4, ҳ.9 бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар кӯч.З.Нозим васл намудани фаршҳои гармии обӣ (тёплый пол) ба маблағи 14000 доллари ИМА шартнома баста, пас аз анҷом додани корҳои сохтумонӣ 7000 доллари ИМА-ро пардохт намуда, боқимонда 7000 доллари ИМА-ро то ҳол надодааст.
07.08.2019 шаҳрванд Сониев Иззатулло Умарович 1965 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч. Н.Қарабоев х.72/1, ҳ.40 ба ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ-1 муроҷиат намуд, ки моҳи августи соли 2019 шаҳрванд Калондаров Маҳмадзоҳир Ҳиматович 1967 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. М.Маҳмадалӣ х.5 бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ як адад а/м тамғаи «Опел Зефира», р/д 51-54 АВ 01-ро ба маблағи 60.000 сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
07.08.2019 шаҳрванд Шоимардонов Султонбек Хоҷаевич 1987 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, деҳаи Истиқлол х.585 ба ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ-1 муроҷиат намуд, ки соли 2014 шаҳрванд Бобоназаров Абдураҳим Буриевич 1986 с/т, истиқоматкунандаи н.Ҷ.Балхӣ, деҳаи Бӯстон бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 6800-доллари ИМА-ро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Комментарии (0)