ДУЗДӢ ДАР БОЗОР
07.08.2019 шаҳрванд Камолова Маҳбуба Зайнуддиновна 1981 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/ш Балх, кӯч.Туғаланг х.11, ҳ.16 ба ШВКД ноҳия Ҷ.Балхӣ муроҷиат намуд, ки санаи 01.08.2019 сол тахминан соатҳои 10-00 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозааш, воқеъ дар бозори ҶДММ «Баҳор»-и н.Ҷ.Балхӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи «HUAWEI-Y6 Prime 2018», ки арзишаш 2300-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Абашова Дилафруз Юнусбековна 2001 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҷ/ш Гулистон, деҳаи Ҳосилот дастгир карда шуд.07.08.2019 шаҳрванд Исаева Муҳайё Зоидовна 1988 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. У.Зоконӣ х.39 ба ШВКД ноҳияи Шоҳмансур-1 муроҷиат намуд, ки санаи 06.08.2019 сол тахминан соатҳои 21-00 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 17.000-сомониро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ғозиева Мавлуда Ғозиҷоновна 1996 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. У.Зоконӣ х.48 дастгир карда шуд.
06.08.2019 шаҳрванд Шарифова Роқиамо Раҷабовна 1971 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ш-ки Бӯстон, кӯч. Холиқов х.21/1, ба ШВКД ноҳияи Мастчоҳ муроҷиат намуд, ки шаби 05 ба 06.08.2019 сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад оинаи нилгуни тамғаи «Самсунг», ки арзишаш 6.000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Баҳодурзода Икромхон Муқимхон 1990 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Палдорак, кӯч. Казбеков х.64, пеш бо мод.244 қ.2 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуд. Оиди ин ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ бо мод.244 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)