< ҒОРАТИ ТЕЛЕФОН ВА 8800 СОМНӢ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҒОРАТИ ТЕЛЕФОН ВА 8800 СОМНӢ

ҒОРАТИ ТЕЛЕФОН ВА 8800 СОМНӢ
07.08.2019 шаҳрванд Элмуродов Ҷонибек Бердимуродович 1987 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Восеъ ҷ/д Х.Раҷабов, деҳаи Сарчашма ба ШВКД ноҳияи Сино-1 муроҷиат намуд, ки санаи 06.08.2019 сол тахминан соати 03.00-дақиқа дар кӯчаи Мир шахсони номаълум бе ягон асос ӯро зери лату кӯб қарор дода, аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Нокия» ва 8800-сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрвандон, Сарабеков Иззатулло Нуралиевич 1995 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Фирдавсӣ х.5/1, ҳ.85 ва Салимов Умедҷон Ёкубович 1999 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Нахимова х.64/6 ҳ.38/39 содир намудаанд. Барои дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий