ҲОДИСАҲОИ НОХУШ
06.08.2019 тахминан соати 11.00-дақиқа ноболиғ, Шанбиев Ширин Шанбиевич 2008 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д. Сучон деҳаиСангов, хонандаи синфи 6-уми МТМУ №19, дар назди хонаи истиқоматиашон ҳангоми футболбозӣ аз қафои тӯб давида ба дарёи Ғунд афтида ғарқ шудааст. Барои дарёфт намудани ҷасади ноболиғ, Шанбиев Ш.Ш. чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 06.08.2019 тахминан соати 13.30-дақиқа шаҳрванд Мезенцова Надежда Александровна 1928 с/т, миллаташ рус, истиқоматкунандаи хиёбони Рӯдакӣ х.176, ҳ.5 аз ошёнаи 2-юм ба замин афтида ҳангоми ба беморхонаи БКШ №5 дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
06.08.2019 тахминан соати 17.20-дақиқа шаҳрванд Бегматов Худойбердӣ Қувватович 1958 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Намуна, деҳаи Қумсой дар лаби ҷӯйбор ҳангоми пайваст намудани ноқилҳои барқӣ аз беэҳтиётиаш дасташ ба об расида аз шиддати ҷараёни барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Комментарии (0)