< ҚАЛЛОБ МАБЛАҒИ РАВОДИДРО ГИРИФТУ ҒАЙБ ЗАД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҚАЛЛОБ МАБЛАҒИ РАВОДИДРО ГИРИФТУ ҒАЙБ ЗАД

ҚАЛЛОБ МАБЛАҒИ РАВОДИДРО ГИРИФТУ ҒАЙБ ЗАД
06.08.2019 шаҳрванд Шукуров Ҷамшед Абдулаҳадович 1979 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Истаравшан, кӯч. Шокалонов х.94 ба ШВКД ноҳияи Шоҳмансур-1 муроҷиат намуд, ки моҳи марти соли 2017 ҳангоми дар назди бинои “Опера ва балет” қарор доштанаш, шаҳрванд Кенҷаев Ҳаким Абдуалимович 1986 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч.Рӯдакӣ х.77, ҳ.99 бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои тайёр намудани раводид (виза) ба Ҷ.Корея 4400-доллари ИМА-ро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Барои дастгир намудани шаҳрванд Кенҷаев Ҳ.А чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

06.08.2019 шаҳрванд Қодиров Рустам Зокирович 1985 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи  кӯч. Х.Мирзоев х.7 ба ШВКД ноҳияи Шоҳмансур-1 муроҷиат намуд, ки санаи 12.03.2019-сол шаҳрванд Ғаффоров Абубакр Сулаймонович 1982 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Ваҳдат, ҷ/д.Дӯстӣ, деҳаи Ваҳдатобод х.148 бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 398.000-сомониро гирифта, 145.270-сомониро баргардонида боқимонда 252.730-сомониро то ҳол барнагардонидааст. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истода, тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий