< ҲАМЁНДУЗД БА ДАСТ АФТОД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҲАМЁНДУЗД БА ДАСТ АФТОД

ҲАМЁНДУЗД БА ДАСТ АФТОД
06.08.2019 шаҳрванд Нуроншоева Матлуба Сиёҳушовна 1979 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Сучон, деҳаи Барсем ба ШВКД шаҳри Хоруғ муроҷиат намуд, ки санаи 27.07.2019-сол дар ҳудуди бозори наздисарҳадии “Тем” шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ҳамёнашро, ки дар дохилаш 2000-сомонӣ, 100-доллари ИМА ва ҷавоҳиротҳои тиллогин, ки арзиши умумиашон 4960-сомониро ташкил медиҳад дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Анварбекзода Руслан Қанбарбекович 1982 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Шуғнон,  ҷ/д Поршинев, деҳаи Пашор дастгир карда шуд. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истода, тафтишот идома дорад.

06.08.2019 шаҳрванд Ҳомидова Рабихон Халоқовна 1974 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. А.Азимов х.47 ба ШВКД шаҳри Исфара муроҷиат намуд, ки аз санаи 15 то 18.07.2019-сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дохили хонаи истиқоматиаш даромада аз он ҷо 9000-сомонӣ, 600-доллари ИМА-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Сангинов Мӯҳсинҷон Абдуманонович 1992 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. М.Турсунзода х.42 дастгир карда шуд. Нисбати шаҳрванд Сангинов М.А. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 КҶ ҶТ оғоз карда шуда тафтишот идома дорад. 

06.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Давлатов Бахтовар Зафарович 1994 с/т, миллаташ тоҷик, бекор истиқоматкунандаи н.Шаҳритус, мувақ. истиқоматкунандаи кӯч. Ҷ.Расулов х.9 дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 04.07.2019-сол тахминан соати 20.00-дақиқа бо роҳи пинҳонӣ аз дохили анборхонаи шаҳрванд Бобоев Зафар Музаффарович 1977 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. Р.Набиев х.116/1 воқеъ, дар кӯч.Ҷ.Расулов х.9, 31.500-сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истода, тафтишот идома дорад.

06.08.2019 шаҳрванд Бобомуродова Дилафрӯз Маҳмудовна 1980 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Россия, деҳаи Қуштеппа х.413 ба ШВКД ноҳияи Рӯдаки-1 муроҷиат намуд, ки санаи 27.06.2019-сол тахминан соати 15.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада аз он ҷо 1-адад дучархаи тамғаи “Торед”, ки арзишаш 2200-сомониро ташкил медиҳад дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғон: Мирзоев Шаҳриёр Суфиевич 2004 с/т, хонандаи синфи 8-уми мактаб-интернатӣ варзишӣ дар ш.Душанбе, истиқоматкунандаи ҷ/ш М.Турсунзода, деҳаи Истиқлол-2 ва Ҳумиддини Фазлиддин 2006 с/т, хонандаи синфи 7-уми мактаб-интернатӣ ба номи Б.Ғафуров дар н.Рӯдакӣ, истиқоматкунандаи кӯч. Машъал дастгир карда шуданд. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда истода, тафтишот идома дорад.

06.08.2019 шаҳрванд Халилова Оимхол Кенҷаевна 1984 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/ш. Сомониён, кӯч. 40-солагии Ғалаба ворид гардид, ки санаи 19.05.2019-сол тахминан соати 11.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили дӯкони дузандагиаш воқеъ дар ҷ/ш Сомониён, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг 7”, ки арзишаш 3700-сомониро ташкил медиҳад дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

06.08.2019 шаҳрванд Шарипова Руқиамоҳ Раҷабовна 1971 с/т, милаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Бӯстон, кӯч. Холиқов х.21/1 ба ШВКД ноҳияи Мастчоҳ муроҷиат намуд, ки шаби 05 ба 06.08.2019-сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада аз он ҷо 1-адад оинаи нилгун тамғаи «Самсунг», ки арзишаш 6000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

06.08.2019 шаҳрванд Илёсова Хайриниссо Акбаровна 1970 с/т, милаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Панҷрӯд, деҳаи С.Гадоӣ ба ШВКД ноҳияи Ҳамадонӣ муроҷиат намуд, ки санаи 06.08.201-сол тахминан соати 11.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада аз он ҷо ҷавоҳиротҳои тиллогин, нуқрагин  ва ашёҳои хонаро, ки арзиши умумиашон 1250-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий