< ҒОРАТГАРОН БА ДАСТ АФТОДАНД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҒОРАТГАРОН БА ДАСТ АФТОДАНД

ҒОРАТГАРОН БА ДАСТ АФТОДАНД
06.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон: Абдураҳмонов Аҳмадҷон Раҳмонович 2004 с/т, миллаташ тоҷик, намехонад, истиқоматкунандаи кӯч. Айнӣ х.16а, ҳ.225, пеш бо моддаҳои 237, 244 КҶ ҶТ суд шудааст ва Гадоев Султон Раҳмонович 1999 с/т, истиқоматкунандаи кӯч Шевченко х.77, ҳ.8 дастгир карда шудаанд. Номбурдагон, санаи 03.08.2019-сол дар кӯч.А.Раҷабовҳо бо роҳи зӯроварӣ аз дасти шаҳрванд Музаффаров Сунатулло Хӯҷабекович 1996 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ш.Ваҳдат, ҷ/д Баҳор, деҳаи Мачитон 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-6”, ки арзишаш 1100-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешида шуда, тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий