< ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад

ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат аз 32 то 45 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе мавзеъҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 39+45  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ гармии ҳаво шабона ба 9+14 ва   рӯзона    ба 27+36  дараҷа мерасад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи  бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 2-7  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 5+10 ва  рӯзона 19+24  дараҷа  гарм мешавад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ  3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 17+22  ва рӯзона 40+42  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония   мевазад. Гармии ҳаво шабона ба 18+20 ва  рӯзона ба 40+42  дараҷа мерасад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий