< Ворух-пораи ҷони мо » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ворух-пораи ҷони мо

Ворух-пораи ҷони мо

Ворух-пораи ҷони мо


Эй ҳамватан биё бикунем марзи худ дифо,

Назди Ватан-модар кунем қарзи худ адо.

Ворух бувад пораи ҷон бар замири мо,

Бо нанги тоҷикона кунем бар Ватан вафо.


Чун ҷои ҷанг ҷанг буваду ҷои нанг нанг,

Бо хуби гар нашуд ба зури бикунем нанг.


Як порчаи ҷони ману ту Ворух аст,

Нанги ватандории ману ту Ворух аст.

Як зарра хокаш ба душман намедиҳем,

Ҷун ҷон амонат ба ману ту Ворух аст.


Чун ҷои ҷанг ҷанг буваду ҷои нанг нанг,

Бо хуби гар нашуд ба зури бикунем нанг.


Эй қирғизони зи таърих бехабар,

Чашми бади худ канед аз марзи мо дигар.

Ҷон медиҳем вале надиҳем хоки ин замин,

Донед дигар дигар буваду лек ҷигар ҷигар.


Чун ҷои ҷанг ҷанг буваду ҷои нанг нанг,

Бо хуби гар нашуд ба зури бикунем нанг.


Аз хеши дур гӯянд ҳамсоя беҳтар аст,

Ҳаққи Худо ба ҳаққӣ ҳамсоя баробар аст.

Ҳамсояе, ки ҳаққи ҳамсоя талаб кунад,

Аз ин гугна ҳамсоя душман болотар аст.


Чун ҷои ҷанг ҷанг буваду ҷои нанг нанг,

Бо хуби гар нашуд ба зури бикунем нанг.


Шамсӣ ҚАМАР



Манбаъ: https://www.facebook.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий