< ҲОДИСАҲОИ НОХУШ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҲОДИСАҲОИ НОХУШ

ҲОДИСАҲОИ НОХУШ
05.08.2019 сол тахминан соатҳои 07-30 дақиқа шаҳрванд Авлонов Фозилҷон Юлдошович 1957 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҷ/д Қалъачаи калон, деҳаи Балғарӣ, дорои бемории рӯҳи буда, аз беэҳтиётиаш ба канали деҳаи мазкур афтида ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. 

04.08.2019 тахминан соати 17.00-дақиқа ронандаи трактори тамғаи “ЮМЗ” р/д 59-83 ТШ шаҳрванд Ахмедов Иброҳим Комилович 1987 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Сабо, деҳаи Бахтобод, дар мавзеъи Қизилкутали ҷ/д А.Ҳасанов, ҳангоми ҳаракат дар бари кӯҳ, тракторро чаппа кардааст. Дар натиҷа худи ронанда Ахмедов И.К. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

05.08.2019 тахминан соати 09.40-дақиқа дар тагхонаи ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Холов Нурмаҳмад 1950 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Рӯдакӣ, деҳаи Маргедар, нафақахӯр, дар масоҳати 40-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 15600-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор муайян карда мешавад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий