
05.08.2019 сол ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативии ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Қурбонов Исомуддин Икромович 1988 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи Калинин х.1/2, ҳ.14, корманди шабакаҳои барқии ш.Ваҳдат дастгир карда шуд. Номбурда, аз моҳи январи соли 2018 то 27.07.2019 сол ба ҳисоботҳои истифодабарии қувваи барқи ҶДММ “Ваҳдат-Сохтумон” маълумотҳои бардурӯғ ворид намуда, миқдори 7312920 квт/соат қувваи барқи истифодашударо барои пардохт намудан пешниҳод накардааст. Дар натиҷа шаҳрванд Қурбонов И.И. ба давлат ба маблағи 5045520-сомонӣ зарари молиявӣ расонидааст. Нисбати шаҳрванд Қурбонов И.И. аз тарафи прокуратура генералии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 253 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Комментарии (0)