< ҚОЧОҚИ ОБИ ҶАВ ДАР ҲАҶМИ КАЛОН » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҚОЧОҚИ ОБИ ҶАВ ДАР ҲАҶМИ КАЛОН

ҚОЧОҚИ ОБИ ҶАВ ДАР ҲАҶМИ КАЛОН
05.08.19 сол ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Акрамов Вафо Ғоибназарович 1994 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи н. Данғара, ҷ/д Корез, деҳаи Ғар-ғара, нозири калони дидбонгохи гумрукии «Хавотаг»-и гумруки н. Зафарободи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вил. Суғд дастгир карда шуд. Номбурда, аз соли 2018 то ин ҷониб бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамроҳии дигар кормандони дидбонгоҳи мазкур, бидуни назорати гумрукӣ машруботи спиртии оби ҷави «Кибрай»-ро, ки ба шаҳрванд Сайдалиев Фарҳод Сайдалиевич 1983 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ш-ки Зафаробод, деҳаи Зафар, тааллуқ дорад, зиёда аз 30-маротиба бо автомашинаҳои боркаш тавассути сарҳад аз Ҷ.Узбекистон бо роҳи қочоқ ба ҶТ ворид намудааст. Мувофиқи маълумотномаи Раёсати батанзимдарории тарифию-гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ машруботҳои мазкур 422 430-литр буда, маблағи умумии онҳо 4385856-сомониро ташкил медиҳад. Нисбати шаҳрванд Акрамов В.Ғ. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 289 қ.4 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий