< ҲОДИСАИ НОХУШ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҲОДИСАИ НОХУШ

ҲОДИСАИ НОХУШ
03.08.2019 сол тахминан соатҳои 15-00 дақиқа шаҳрванд Нуралиев Кароматулло Сафарович 1997 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Сангтуда, деҳаи Сангтуда  ҳангоми дар куҳҳои мавзеи “Сарсарак” бо ҷамъоварии шираи “РОВ” машғул буданаш,  аз таги пояш теппа канда шуда, номбурда, дар зери сангу гили теппа монда, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

04.08.2019 тахминан соати 16.00-дақиқа шаҳрванд Алиева Раҷабмоҳ Сафаралиевна 1995 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д М.Турсунзода, деҳаи Косибон, ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи “Элок”, ногаҳон пояш ба муҳаррики барқии обкашии васлшуда расидааст. Дар натиҷа номбурда, аз шиддати қувваи барқ ба ҳалокат расидааст. 

04.08.2019 тахминан соати 09.00-дақиқа шаҳрванд Умаров Каримҷон Рустамович 1968 с/т, миллаташ тоҷик, бе ҷои зисти доимӣ (БОМЖ), дар ҳолати мастӣ ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи «Сир», воқеъ дар маҳ.31-уми ш. Хуҷанд, аз беэҳтиётии худ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
 
03.08.2019 тахминан соати 19.00-дақиқа дар хошокхонаи ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Сангов Иброҳим Икромович 1996 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Роҳатӣ, деҳаи Меҳтар, дар масоҳати 150-метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст. Зарари расонидашуда 6.000-сомониро ташкил медиҳад. Сабаби сар задани сӯхтор оташбозии кудакон мебошад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий