< САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР

САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР
04.08.2019 тахминан соати 11.00 дақиқа ронандаи а/м тамғаи «Тайота Марк-2», р/д 54-25 ДО/08, шаҳрванд Тошматов Исмоил Саидмуродович 1977 с/т, истик. ҷ/д Р.Исмоилов, деҳаи Ганҷбор, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти ш.Норак ба самти ш.Ваҳдат аз уҳдаи идораи а/м набаромада, ба чуқурии тахминан 30-метр чаппа шудааст. Дар натиҷа мусофирони а/м мазкур шаҳрвандон Хоҷаев Шокирҷон Убайдуллоевич 1975 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д.Б.Бурунов, деҳаи Гирдоб ва Абдуллоев Муродҷон Ғуломович 1975 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д.Б.Бурунов, деҳаи Гирдоб ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий