< ТАҲҚИРИ НАМОЯНДАИ ҲОКИМИЯТ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ТАҲҚИРИ НАМОЯНДАИ ҲОКИМИЯТ

ТАҲҚИРИ НАМОЯНДАИ ҲОКИМИЯТ
04.08.2019 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ғазанов Табрез Назардодович 1989 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч. М.Иқубов х.83, корманди ҶДММ “Зари-Помир” дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 03.08.2019 сол тахминан соати 18:30 дақиқа дар ҳолати мастӣ қарор дошта, дар назди бозори “20-солагии Истиқлолият” аз мошини мусофиркашонии фаромада ба назди нозири калони ШБДА ШВКД Хайруллозода Амонулло Зикрилло 1992 с/т, истиқоматкунандаи н.Данғара, деҳаи Данғара ва ваколатдори ШКҶ ШВКД лейтенанти милитсия Тирандозов Манозҷон Тирандозович омада онҳоро таҳқир намуда, нисбаташон суханҳои қабеҳ зада, шаъну шарафашонро паст задааст. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий