< ГОВДУЗДОН БА ДАСТ АФТОДАНД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ГОВДУЗДОН БА ДАСТ АФТОДАНД

ГОВДУЗДОН БА ДАСТ АФТОДАНД
04.08.2019 шаҳрванд Тӯйчиев Зокир Ҳамидуллоевич 1961 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Ҳ.Нав, деҳаи Қурғонча, кӯч. Рӯдакӣ х.16 ба ШВКД ноҳияи Ҷ.Расулов муроҷиат намуд, ки санаи  31.07.2019 сол тахминан соати 12.00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди хонаи истиқоматиаш 1-сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 10.000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Дӯсматова Ортиҷон Мӯъминовна 1965 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҷ/д Ҳ.Нав, деҳаи Қурғонча, кӯч. Дадабоев ва Абдуллоева Мафтуна Неъматҷоновна 1989 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҷ/д Ҳ.Нав, деҳаи Қурғонча, кӯч. Дадабоев дастгир карда шуданд. Нисбати шаҳрвандон Дӯсматова О.М. ва Абдуллоева М.Н. парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

04.08.2019 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Каримов Солибой Дадоҷонович 1987 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Унҷӣ, кӯч. М. Ёқубов  х.6 дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 31.07.2019 сол тахминан соати 18.00-дақиқа бо роҳи пинҳонӣ ба ҳавлии навсохтмони шаҳрванд Баротов Абдуғаффор Раҳимович 1965 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ш. Хуҷанд, маҳ.32, х.39, ҳ.63, воқеъ дар н. Б.Ғафуров, ҷ/д Д.Холматов, ш-ки Сайхун, ворид гардида, аз он ҷо 1 адад дӯкони оҳанин, ки арзишаш 3000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Нисбати шаҳрванд Каримов С.Д. парвандаи ҷиноятӣ бо мод.244 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

04.08.2019 шаҳрванд Зулфонов Баҳриддин Зулфонович 1974 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Қаротеғин х.2 ҳ.13 ба ШВКД ноҳияи Шоҳмансур-2 муроҷиат намуд, ки санаи 16.07.2019 сол тахминан соати 01.00-дақиқа шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди а/м шахсиаш тамғаи “Мерседес-Спринтер”, р/д 66-66ТТ05РТ, ки дар назди бинои истикоматиаш бе назорат меистод шуда, аз дохилаш 2600-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғ, Ёров Суҳроб Сарварович 2007  с/т, хонандаи синфи 5-уми МТМУ №63, истиқоматкунандаи кӯч. Қаротеғин х.1 ҳ.67 дастгир карда шуд.

04.08.2019 шаҳрванд Бузмаков Абдулло Раҳматшоевич 1966 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Корез, деҳаи Ғарғара ба ШВКД ноҳияи Данғара муроҷиат намуд, ки санаи 04.08.2019 сол тахминан соатҳои 07 ба 07-30 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз бозори чорвои “Каёнуш”-и ноҳия, аз ҷайби шимаш 5200-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

04.08.2019 шаҳрванд Қурбонова Дилафрӯз Авазовна 1981 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. А.Дониш х.32/1 ҳ.2, мудири шуъбаи нашрияи «Омӯзгор»-и Вазорати маорифи ҶТ ба ШВКД ноҳияи Шоҳмансур-2 муроҷиат намуд, ки санаи 04.08.2019 сол тахминан соати 03.00 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 3-адад телефони мобилӣ, 1-адад шиносномаи биометрӣ, 1-адад айнак,   2-адад корти бонкии «Амонатбонк», ки дар дохили якеаш 5000-сомонӣ нигоҳ дошта мешуд дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ба шаҳрванд Қурбонова Д.А. ҷамӣ ба маблағи 11.160-сомонӣ зарар расонидаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий