< МАЙНУШӢ БА КОРДЗАНӢ АНҶОМ ЁФТ » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

МАЙНУШӢ БА КОРДЗАНӢ АНҶОМ ЁФТ

МАЙНУШӢ БА КОРДЗАНӢ АНҶОМ ЁФТ
04.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Самойленко Константин Олегович 1996 с/т, миллаташ рус, истиқоматкунандаи ш. Хуҷанд, маҳ.18, хобгоҳи-1, ҳ.33, пеш бо мод.154 қ.2 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 21.07.2019 сол тахминан соати 19:00 дақиқа  дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Гилманова Ольга Николаевна 1971 с/т, миллаташ рус, истиқоматкунандаи кӯч. А. Ҷомӣ, х.11, ҳ.31, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, аз ҳиссиёти авбошӣ нисбати шаҳрванд Саидов Абдураҳмон Абдурашидович  1986 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч. Меҳргон  х.9, суханҳои қабеҳ гуфта, аз ошхона 1-адад кордро гирифта, 2-маротиба ба пушташ задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Саидов А.А, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ш.Бӯстон бистарӣ гардидааст. Нисбати  шаҳрванд Самойленко К.О. парвандаи ҷиноятӣ бо мод.237 қ.3 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий