ҲОДИСАИ НОХУШ ҲАНГОМИ ОББОЗӢ
01.08.2019 тахминан соати 16.00-дақиқа ноболиғ, Мардихудоев Алан Ферӯзович 2013 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи деҳаи Барушон, ҳангоми оббозӣ кардан дар ҳавзидеҳаи Барушон аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.01.08.2019 сол шаҳрванд Эсанов Комрон Мардонович 1999 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Амондара, деҳаи Майкатта, ки ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи «Зарафшон», воқеъ дар деҳаи Ғӯсари ҷ/д Л.Шералӣ, аз беэҳтиётии худ ғарқ шуда буд, санаи 02.08.2019 сол тахминан соати 07:30 дақиқа ҷасади шаҳрванд Эсанов К. М. аз дарёи «Зарафшон», мавзеъи дамбаи «Муғулон»-и деҳаи Майкатаи ҷ/д Амондара дарёфт карда шуд.
Комментарии (0)